Дар вилояти Хатлон дар ним соли 2022-юм 334 кӯдак ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд, ки ин шумора нисбати соли гузашта 69 нафар зиёд аст.

Сардори Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон Бунафша Раҳимзода гуфт, ки сол то сол гирифтани кӯдакон ба  фарзандхондӣ дар вилоят зиёд мешавад.

Ӯ иттилоъ дод, ки дар шаш моҳи соли 2020 дар вилоят 241 кӯдак, соли 2021-юм  265 кӯдак ва дар шашмоҳаи соли 2022 бошад 334 кӯдак аз ҷониби дигар оилаҳо  ба фарзандхондӣ гирифта шудаанд.

Ин шахси масъул илова кард, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ фарзандхондӣ бештар дар шаҳру ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ 42 нафар, Қубодиён 39 нафар, Ёвон 22 нафар, Фархор 21 нафар, Вахшу Бохтар 18-нафарӣ ба қайд гирифта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки аксар кӯдакони  ба фарзандхондӣ гирифташуда аз хона-интернат мебошанд ва он оилаҳое кӯдаконро ба фарзандхондӣ мегиранд, ки солҳои тулонӣ зиндагии якҷоя доштанд, аммо соҳиби фарзанд нашуданд ва ба ин васила мехоҳанд эҳсоси бефарзандии худро фаромуш кунанд. Ҳамчунин, аз ҷониби оилаҳои доро кӯдакон ба фарзандхондӣ гирифта мешаванд, илова кард ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here