Айни ҳол дар вилояти Хатлон дар  шаш муассисаи таълимӣ дар се баст фаъолият доранд, ки баъди сохта ба истифода додани биноҳои нави таълимӣ ин мушкил ҳал хоҳад шуд.

Зиёдулло Абдулзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, имрӯз  дар нашиасти хабарӣ иттилоъ дод, ки ин муассисаҳо дар шаҳру ноҳияҳои  Дӯстӣ, Қубодиён, Муъминобод, Кӯлоб як ададӣ ва дар ноҳияи Хуросон ду ададро ташкил медиҳанд.

Гуфта шуд, ки соли таҳсили 2023-2024 дар вилоят 9 муассисаи себаста фаъолият мекард, ки дар соли таҳсили 2024-2025 дар се адади он ин мушкил бартараф шуд.

Номбурда афзуд, ки соли 2024 дар вилояти Хатлон 155 иншооти соҳаи маориф  дорои 1123 синфхона барои 28 ҳазору 150 хонанда сохта шуда, ҳоло сохтмони 34 иншооти дигар бо фарогирии 4625 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад.

Зиёдулло Абдулзода қайд кард, ки ҳоло дар вилоят  1401 муассисаи таълимӣ  фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 900 ҳазору 598 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь