Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон барои будбоши ғайриқонуни панҷ нафарро ҷарима карданд, ки аз онҳо чор нафар шаҳрванди хориҷӣ ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон Азизода Баҳодурҷон ба хабарнигори “Фараж” иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби кормандони Раёсати мазкур зимни гузаронидани санҷишҳо нисбати 4 нафар шаҳрванди хориҷӣ ва як нафар шаҳрванди Тоҷикистон барои надоштани иҷозатномаи корӣ ва будубошӣ ғайриқонунӣ тибқи модаи 138 қисми 2-3-и ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумуҳрии Тоҷикистон санади маъмури тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 9 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима карда шуданд.
Ин шахси масъул гуфт шаҳрвандони хориҷие, ки ҷарима шуданд, 2 зодаи кишвари Афғонистон ва ду нафари дигар шаҳрвандони Узбекистон мебошанд.
Гуфта шуд, ки як шаҳрванди кишварро барои он ҷарима карданд, ки ӯ дар як ширкати сохтмонӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳамчун роҳбар кор мекарду саривақт ҳуҷатҳои шаҳрвандони хориҷиро ба тартиб наоварда буд.
– Қонуншикани шаҳрвандони хориҷӣ имсол дар вилояти Хатлон нисбати ҳамин давраи соли 2021-ум 2 ҳолат зиёд шудааст, – илова кард Азизода Баҳодурҷон.
Номбурда афзуд, ки ҳоло дар ҳудуди вилояти Хатлон 33 субъекти хоҷагидори дорои иҷозатномаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар онҳо 625 нафар хориҷӣ фаъолият мекунанд. Бештари онҳо шаҳрвандони Чин мебошанд. Дар ин ширкатҳо 4707 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, кору фаъолият мекунанд.