Дар вилояти Хатлон айни замон 8 иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ умр ба сар мебаранд, ки калонсолтарини онҳо дар шаҳри Бохтар буда, 102-сола мебошад.
Файзулло Табаров, як масъули Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон, ба “Фараж” иттилоъ дод, ки аз 8 иштирокчии Ҷанги дуюми љањонї Файзалии Сафаралии 102-сола, Зайнулло Алиеви 100-сола дар шаҳри Бохтар, Гулмурод Тағоеви 101-сола дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Розиқ Қосимови 99-сола дар ноҳияи Вахш, Машраб Давлатови 99-сола дар ноҳияи Балхӣ, Ҳабиб Сафарови 99-сола дар ноҳияи Ҷайҳун, Мирзо Ғаффорови 99-сола дар ноҳияи Хуросон ва Аҳиё Мирзоеви 99-сола дар ноҳияи Ховалинг зиндагӣ доранд.
Номубрда афзуд, ки аз инҳо чор нафарашон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва чор нафари дигарашон маъюбони ҷанг мебошанд. Нафақаи моҳонаи анҳо аз 1500 то 1687 сомонӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва ғамхории Ҳукумати кишвар хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва МИҲД-и вилояти Хатлон мебошанд. Қайд гардид, ки соли гузашта дар арафаи Рӯзи ғалаба аз ҷониби Роҳбари давлат ба иштирокчиёни ҶБВ 40 ҳазор сомонӣ ва аз тарафи раиси вилояти Хатлон 5 ҳазор сомонӣ кӯмак карда шуда буд.