Дар вилояти Хатлон тайи солҳои охир 23 коргоҳу корхонаи саноатӣ аз фаъолият бозмондаанд, ки аз ин ҳисоб 626 нафар ҷойи кори худро аз даст додаанд. Ин нуктаро имрӯз Шавкат Муминов, мудири шӯъбаи саноати Сарраёсати омори вилояти Хатлон, дар нишасти хабарӣ зикр кард.

Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят ҳоло 626 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 166 корхона фаъолият накарданд, ки аз он 23 корхона умуман кор накарданд ва 140 адади дигар мавсимӣ мебошанд.

Корхонаҳои азкормонда «Орди Хатлон» дар шаҳри Бохтар,  «Орди рушди Хатлон» дар Леваканд ва ба ин монанд дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ корхонаҳое ҳастанд, ки аз фаъолият бозмондаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон 15 коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд карда шудаанд, ки аз ин ҳисоб садҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here