Дар вилояти Хатлон тули 7 моҳи соли ҷорӣ 2 ҳазору 233 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қай гирфита шудавст, ки ин рақам нисбати ҳамин давраи соли гузашта 407 ҳолат зиёд аст.

Аз Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба “Фараж” хабар доданд, ки аз 2 ҳазору 233 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ 1 ҳазору 870 ҳолати он бо қарори суд, 350 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди умумии ноболиғ надоранд ва 13 ҳолати дигар бо аризаи яке аз ҳамсарон бекор карда шудааст.

– Баъди пошхӯрии ин оилаҳо  2 ҳазору 623 кӯдак аз тарбияи яке аз волидони худ маҳрум гашта,  аз онҳо 2 ҳазору 554 кӯдак дар тарбияи модар ва 69 кӯдак дар тарбияи падаронашон  монданд, – гуфтанд аз ниҳоли мазкур.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷудошавии оилаҳо бештар дар шаҳру ноҳияҳои Ёвон (168 ҳолат, нисбати 7 моҳи соли гузашта 84 ҳолат зиёд),  Кӯшониён (192 ҳолат, нисбати соли гузашта 70 ҳолат зиёд), Кӯлоб (185 ҳолат, нисбати соли гузашта 58 ҳолат зиёд), Вахш (137 ҳолат, нисбати соли гузашта 68 ҳолат зиёд), Ҷайҳун (104 ҳолат, нисбати соли гузашта 25 ҳолат зиёд) ва Восеъ (69 ҳолат, нисбати соли гузашта 23 ҳолат зиёд) ба қайд гирифта шудааст.

Аз ниҳоди мазкур гуфтанд, ки дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Левакант,  Носири Хусрав ва  Дӯстӣ ҷудошавии оилаҳо аз 1 то 19 ҳолатӣ кам шудааст.

Баҳри пешгири аз ҷудошавии оилаҳо аз ҷониби Шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон бо дигар сохторҳо миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пурзур карда шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь