Дар аввалин “Фестивали байналмилалии зардӯзӣ, гулдӯзӣ ва заргарӣ” дар Бухоро 3 ҳунарманди тоҷик ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардиданд. Дар ин бора хабаргузории “Ховар” иттилоъ медиҳад.

Ба зикри манбаъ, дар фестивал ҷойи ифтихорӣ бо маблағи 1300 доллари амрикоӣ ба зардӯзи тоҷик Салима Каримова ва ду ҷоизаи махсус бо арзиши 500 доллар насиби тарроҳи тоҷик Хуршед Сатторов ва ширкати ООО «Рухом» гардиданд.

Ёдовар мешавем, фестивали мазкур аз 21 то 25-уми май дар шаҳри Бухорои Ӯзбекистон баргузор гардид ва дар он беш аз 200 меҳмони хориҷӣ аз 58 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 112 ҳунарманд, 9 меҳмони фахрӣ, 4 ходими олии давлатии хориҷӣ ширкат доштанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here