Рӯзи 25-уми июли соли равон маросими кушодашавии бинои шуъбачаи милитсияи деҳоти «Қалъаи Ҳисор»-и Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ҳисор доир гардид.

 

Дар маросими ифтитоҳи шуъбаи мазкур, муовини вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Умарзода Икром Ислом, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек Алиёр, сардори ШВКД дар шаҳри Ҳисор, полковники милитсия Абдулқодирзода Ҷаъфар, раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Шарифҷон ва намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА иштирок намуданд.

Бинои мазкур аз қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ барои сардори шуъбачаи мазкур ва нозирони минтақавӣ иборат буда, бо мизу курсӣ, ҷевонҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва таҷҳизоти техникии наву замонавӣ таъмин карда шудааст.

Тавре дар маросими ифтитоҳи бино қайд гардид, шуъбачаи милитсияи деҳоти мазкур дар доираи лоиҳаи муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти милитсия, бо кӯмаки молиявии Дафтари барномаҳои Созмони аҳдномаи ҳамкории Аврупо дар Душанбе бунёд гардидааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here