Аз мавзеъҳои таърихиву сайёҳии вилояти Хатлон беш аз 272 ҳазор сайёҳони дохиливу хориҷӣ дидан карданд.
Тибқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба вилоят дар 4 моҳи соли 2025 дар умум 272 454 сайёҳи дохиливу хориҷӣ овмадаанд, ки аз ин 248 591 нафарашон сайёҳи дохилӣ ва 23 863 нафарашон сайёҳи хориҷӣ мебошанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 133 548 нафар зиёд мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ҳудуди вилоят 933 ёдгориву мавзеи таърихӣ-фарҳангӣ, бостонӣ ва монументалӣ, 121 меҳмонхона, 139 мавзеи сайёҳӣ, 251 истироҳатгоҳу осоишгоҳ, 142 тарабхона, 45 осорхона, 19 ширкати сайёҳӣ, 128 чойхона, 371 банкомати хизматрасониҳои бонкӣ, 50 хоумстей ва гетхаус, 240 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ, 68 мағозаи фурӯши армуғон, 115 зиёратгоҳ, 45 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва гулгашт, 80 ишораи сарироҳӣ ва 26 маркази иттилоотии сайёҳӣ мавҷуд мебошанд, ки ҳамарӯза ба сайёҳон хизмат мерасонанд.