Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Чин зиёда аз 5000 донишҷӯёни тоҷик таҳсил мекунанд. Чунин иттилоъ зимни вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин У Ян дода шуд. Дар ин хусус аз маркази матбуоти вазорат хабар доданд.

Дар вохӯрӣ, ки 13 май дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар доираи нахустин ҷаласаи вазирони маорифи кишварҳои Чин ва Осиёи Марказӣ баргузор гардид, тарафҳо ҷараёни рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаи маорифро натиҷаи равобити мустаҳками роҳбарони олии ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин арзёбӣ карданд.

Ҳамзамон ба фаъолияти пурсамари Пажӯҳишгоҳи Конфутсий, ки дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал менамояд, баҳои мусбат дода шуда, он намунаи муваффақи ҳамкорӣ дар самти фарҳангу маориф арзёбӣ гардид.

Ҷониби Тоҷикистон иброз намуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба мутахассисони самтҳои инноватсионӣ ҷалби бештари донишҷӯёни тоҷик ба таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳои Чин, махсусан дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ, барои ояндаи рушди кадрии мамлакат аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Дар анҷом ҷонибҳо барои густариши ҳамкории амалии дуҷониба дар бахши маориф изҳори омодагӣ намуда, дар бораи тавсеаи барномаҳои муштарак ва ҷудо гардидани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик мубодилаи афкор карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь