Инсон ҳамеша мехоҳад дар фазои зебоӣ зиндагӣ кунад. Аз ин хотир гоҳо дар олами руъёҳо низ худро тасаввур намуда, дар зеҳнаш бо хаёлҳои расидан ба рӯзҳои хуш ҳолати равонии худро хуб мекунад. Аммо ҳангоми гирифторӣ ба беморӣ бисёр маврид моро ҳолатҳои дилмондагӣ аз ҳаёт, яъсу навмедӣ ва ғаму андуҳ фаро мегирад.

Мо бояд ҷаҳонбинӣ ва маърифати тандуристӣ, ҳамчунин фаҳмиши тандуристиямонро густариш бахшем, ки ин амал бар нафъи ҷомеаи мо мебошад. Густариши маърифат ва фаҳмиши тандурустӣ ба хотири ба таъбиз ва доғ нагузоштан ба ҳаёти бемор барои мо бисёр зарур мебошад.

Фаҳмиш, дониш ва биниши мо дар бораи бемориҳои сироятӣ бамаротиб кам мебошад. Ин чиз дар ҷомеаи мо борҳо исбот гаштааст. Масалан, бо вуҷуди сироятӣ будани сил ин беморӣ табобатшаванда аст. Бо вуҷуди борҳо гуфтану навиштан дар бораи табобатшаванда будани он, аммо ҷомеа ҳануз ҳам ба ин беморӣ нигоҳи манфӣ доранд.

Доир ба бемории сироятии сил мо байни чанд шаҳрванд пурсиши афкор гузарондем, ки онҳо то чӣ андоза дар бораи бемории сил маълумот доранд.

Акмал Турсунов, корманди театри ноҳияи Ашт:

– Боре як шиносам аз таби баланду сулфаи дуру дароз шикоят кард. Дар зеҳнам зуд нишонаҳои бемории сил пайдо шуд. Аввал ба он шиносам, ки меҳмони хонаи мо буд чизе нагуфтам, ки мабодо байнамон нофаҳмӣ рух надиҳад. Аммо шабҳо сулфаҳои бисёр беҳолкунандааш маро водор кард, ки ӯро аз ташхиси бемории сил гузаронам, чунки табобати саривақтӣ метавонад инсонро аз бемории сил наҷот диҳад. Ҳамин тавр ман ӯро аз ташхис гузарондам ва ташхис муайян кард, ки шиноси ман ба бемории сил гирифтор шудааст. Духтурон ба табобати пурра ва ройгон он шиноси маро давоми шаш моҳ аз ин беморӣ наҷот доданд. Ҳоло ӯ ҳамеша аз ман миннатдорӣ мекунад.

Бо ин мисол ман гуфтаниям, ки атрофиёнатон барои саломатии шумо талош кунанд онҳоро дуруст дарк кунед. Шояд онҳо дар бораи беморие, ки шумо доред маълумоти дуруст доранд. Мо бояд барои ҳаёти ҳамдигар бетараф набошем.

Фарзона Муродӣ, рӯзноманигор

– Касалии сил пурра табобатшаванда аст. Инро ман дар чанд семинар фаҳмидам ва чанд матлаб ҳам омода кардам, ки сил бемории табобатшаванда аст. Аммо ҷомеаи мо гоҳо ҷомеаи демократӣ нест. Ҳамон фикрҳои шахшуда, ки ҳамеша садди роҳ мешаванд ҳукмфармо мешавад. Миш-миш гапҳои занҳо ва пароканда шудани фаълумоти фейкӣ боиси сар задани ҳама нофаҳмиҳо дар бораи бемории сил мегардад. Ва ин сабаб мешавад, ки роҳи дуруст канор монда роҳи нодуруст, яъне аз табобат даст кашидани бемор ва пинҳон доштани беморӣ, ба миён меояд. Барои солимии ҷомеа мо бояд ҳама талош кунем ва бештар ба шаҳрвандони деҳоту бекор ва хонашин корбарӣ намоем.

Муқимҷон Абдуфаттоев, ҳаҷвнигор ва сафири пешгири бемории сил дар ҶТ:

– Ҳоло дар хонаи касе бемории силро пайдо кунанд бо ҳамон оила рафту омадро кам мекунанду ҳатто духтари ҳамон хонадонро аз фотеҳа бармегардонанд. Магар ин аз инсоф аст? Дар як хона бародар бемор барояд хоҳари ӯро аз нону қанд, яъне фотеҳа, баргардонед. Бо ҳаёти одамон бозӣ кардан магар кори хато нест?

Ин ҳама аз надонистан. Бемории сил табобатшаванда аст. Танҳо дар бораи беморӣ бояд байни ҷомеа маълумоти дурустро паҳну нашр кардан лозим, ки боиси пинҳон  накардани бемории сил гардад. Бо ин кор мо ҳам ба хотимаи сил наздик мешавем, ҳам ҷомеаи худро аз ин беморӣ дур нигоҳ медорем.

Ширин Рӯзиева, ҳамоҳангсози лоиҳаи бемории сил дар ҶҲАТ дар вилояти Суғд:

– Бисёр душвор аст, ки беморро барои табоат фаро гирем. Мо медонем, ки ташхис муайян кардааст, ки ин ё он нафар гирифтори бемории сил аст, аммо дидаву дониста аз табобати он даст мекашанд. Мо гоҳо бо ҳавасмандгардонӣ ва пинҳон доштани номи беморон онҳоро ба табобат фаро мегирем. Давоми амалисозии лоиҳаамон дар якчанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд зиёда аз 30 нафарро табобат кардем. Баъзе аз шахсони аз табобат дасткашида вафот карданд. Сабаби аз табобат даст кашидан ин ҳамон гапҳои кӯчагӣ, ки ҳамеша бар зарари беморон анҷом меёбад, мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон барои беморони сил 400 сомонӣ кӯмаки молиявӣ расонида мешавад, ки ин ҳам эҳтиром гузоштан ба бемор ва дарк кардани ҳолатҳои иҷтимоии ӯ мебошад. Биёед ҳамватанони азиз бо табобати ройгон шахсони гирифтор ба бемории силро барои табобат водор месозем ва ҷомеаи худро солим нигоҳ медорем.

Саодат Исмоилӣ,

коршиноси Ассотсиатсияи ҲБСТ   

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь