Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар то ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар бунёди 270 бинову иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Ҳоло дар чанде  аз онҳо корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар ба “Фараж” иттилоъ дод, ки аз иншооти ба нақша гирифташуда то соли 2026, яъне то 35-солагии истиқлоли давлатии кишвар 17 корхонаи саноатӣ,  64 бинои истиқоматии баландошёна, 59 маркази савдо, 16 иншоот дар соҳаи моариф, 5 иншоот дар соҳаи тандурустӣ мебошанд

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки 58 истгоҳ, таъмири 10 киломтер роҳ, 5 иншооти соҳаи фарҳанг ва варзиш, 3 иншоот дар соҳаи обтаъминкунӣ ва 18 биною иншоот дар нақша ҳастанд.

Аз ниҳоди мазкур хабар доданд, ки дар доираи ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатии кишвар дар шаҳри Бохтар 324 бинову иншоот ва корхонаҳои саноатӣ бунёд карда шуда, ҳазорҳо нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь