Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи М.В. Ломоносов мавриди истифода қарор дода шуд.

Аз ҳукумати вилояти Хатлон иттилоъ доданд ки дар доираи татбиқи амалии Созишномаи ҳукуматӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар оғози соли нави таҳсили 2022-2023 МТМУ ба номи М.В. Ломоносов мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба фаъолияти Муассисаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимр Путин ба таври фосилавӣ оғоз бахшиданд, ки ин намунаи ҳамкориҳои натиҷабахши ҷонибҳо дар соҳаи илму маориф азрёбӣ мегардад.

Тибқи иттилоъ корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ барои 1224 ҷойи нишаст дар шаҳри Бохтар, 10-уми июни соли 2021 оғоз гардида, аз ҷониби филиали ҶДММ “Зарубеждипстрой”-и Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коргарони маҳаллӣ дар мӯҳлати пешбинишуда бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи меъмории соҳаи маориф анҷом дода шудааст.

Майдони умумии муассисаи тозабунёди таълимӣ дар шаҳри Бохтар 3 гектарро ташкил медиҳад.

Раванди таълим дар ин муассиса бо забуни русӣ ба роҳ монда шуда, ҳамчунин муҳассисилин забони давлатӣ ва дигар забонҳои хориҷиро низ меомӯзанд.

Дар ин даргоҳ хонандагон аз шаҳри Бохтар ва дигар навоҳии атрофи он тариқи озмун аз синфи як то синфи ҳаштум дар як баст ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 66 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия таълиму тарбия хоҳанд дод.

Кормандони умумии муассиса бо назардошти омӯзгорон ва кормандони бахши хоҷагидориву техникӣ 84 нафар мебошанд.

Тибқи лоиҳа бинои муассисаи таълимӣ аз 4 қисми сеошёна бо таҳхона иборат буда, дар маҷмӯъ як бинои ягонаро ташкил медиҳад, ки истифодабарии иншоотро муносиб мегардонад.

Муассисаи таълимӣ дорои 51 синфхона бо назардошти ҳуҷраҳои фаннӣ ва дигар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоту айёниятҳои дарсӣ иборат буда, ҳар як синфхона барои 24 хонанда пешбинӣ гардидааст.

Муассисаи таълимӣ дорои ду синфхонаи таълими меҳнат ва ду синфхонаи ҳунаромузӣ барои духтарону писарон буда, бо дасгоҳу лавозимотӣ зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Шароити фароҳамгардида имкон медиҳад, ки хонандагон баъди соати дарсӣ дар ҳаргуна маҳфилҳои иловагӣ ҳунару маҳорати худро сайқал диҳанд.

Хонандагони ин боргоҳ имкон доранд, ки баробари иштирок дар озмуну олимпиядаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, ҳазамон дар озмуну олимпиядаҳое, ки миёни муҳассилини Муасисаҳои таълимии Ферератсияи Россия баргузор мегрдад, фаъолона ширкат намоянд.

Ин муассисаи таълмии дорои ошхона бо  толори хурокхӯрӣ барои 408 ҷойи нишаст буда, дар он хонанадони аз синфи як то сифни чорум ба таври ройгон як вақт бо хурок таъмин карда мешаванд.

Толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимӣ барои 740 ҷойи нишаст бо назардошти ҳуҷраҳои ҳунармандон, либосивазкунӣ, нигоҳдории асбобҳои мусиқӣ ва нигоҳдории дигар ашёҳо пешбинӣ гардидааст.

Дар минтақаи варзишии муассиса ду ҳавзи шиноварӣ мавриди истифодаи хонандгон қарор дорад.

Дар минтақаи ҳавзҳои шиноварӣ, инчунин ҳуҷраҳои муррабӣ, нуқтаҳои санитарӣ, озмоишгоҳ ва ҳуҷраи ҳамшираи шафқат низ мавҷуд аст.

Ҳамчунин муассиса дорои толори калони варзишӣ ва хурд, ҳуҷраи муррабӣ, нуқтаҳои санитарӣ, ҳуҷраҳои либосивазкунӣ ва майдони варзишии универсалӣ бо роҳрав барои давидан мебошад.

Муассисаи тозабунёди таълимӣ дорои шабакаи муттамаркази гармидиҳӣ буда, тавассути ангишт фаъолият менамояд.

Бунёди ин Муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия натиҷаи ҳамкориҳои бисёрсолаву натиҷабахши ҳарду ҷониб маҳсуб ёфта, барои густариши робитаҳо дар соҳаи илму маориф заминаи муносиб фароҳам хоҳад овард.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь