Дар назар аст, дар шаҳри Бохтар барои коркарди партовҳо корхонаи пластикӣ бунёд карда шавад. Дар ин хусус раиси шаҳри Бохтар Мумнизод Абдулмаҷид зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иттилоъ дода шуд, ки 30-49 дарсади партовҳои шаҳрро маводи пиластикӣ ташкил медиҳад.
– Ба ин хотир мо тасими гирифтаем, ки дар шаҳри Бохтар корхонаи коркарди маводӣ пластикӣ бунёд кунем, – илова кард раиси шаҳр.
Гуфта шуд, ки вобаста ба ин таҳияи лоиҳаи бунёди корхонаи коркарди маводи пластикиро бо харҷи беш аз як миллион долар омода кардаанд. Лоиҳа омода шудааст, коршиносон қариб як моҳ дар ҳудуди шаҳр кор карданд.
– Мо корро бо шарикони рушд ва сармоягузорини дохилӣ барои барои бунёди чунин корхона оғоз мекунем, – гуфт раис.
Блоки рекламавӣ