Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар бояд 1 миллион гули садбарг шинонида шавад, ки то ҳол 300 ҳазор донаи он шинонида шудааст.
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳри Бохтар дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки иқдоми шинонидани гули садбарг хело хуб аст, зеро хароҷот ин гул кам ва нигоҳубинаҳаш камхарҷ аст.
– Тибқи нақша бояд дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Бохтар 1 миллион гули садбарг шинонида шавад. Аз ин миқдор гул ҳоло дар заимнҳои назди идора 300 қаламчаи он шинонида шуда, то охири ҳафта пурра бояд нақша иҷро гардад, – гуфт ӯ ва афзуд, ки ин гули садбарг умри дароз дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар шаҳри Бохтар бештар гули лола шинонида буданд, ки хароҷоти он зиёд ва умраш ҳамаги 24 рӯз мебошад. Гули садбарг ду-се сол умр мебинад.