Бо қарори раиси шаҳри Душанбе  аз 2-юми сентябр бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионии силсиланеругоҳи барқӣ-обии Варзоб,  аз сарбанди №2 то ҳавзи фишории НБО №3 ба муддати як шабонарӯз қатъ карда мешавад.

Тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе,  Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат 2013» вазифадор гардидааст, ки  корҳои таъмирии канали обпартои НБО-3-ро мутобиқи талаботи қоидаҳои сохтмонӣ ба роҳ монад.

Ҳамзамон, дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарони ноҳияи Сино ва хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ, Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе  интиқоли оби нӯшокӣ  ба муддати як шабонарӯз, аз  соати 22:00-и  3 сентябр  то соати 22:00-и 4  сентябри соли  равон қатъ мегардад.

Раиси шаҳр ҳамчунин  раисони ноҳияҳои Исмоилӣ Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро вазифадор кардааст, ки  дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд.

Ба Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе супориш дода шудааст, ки  дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз истиқоматкунандагони маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хостааст, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь