Сокини кучаи Бинокорони ноҳияи Данғара дар ҳолати мастӣ бо ҳамсараш муноқиша кард,а бо як бераҳмӣ завҷаашро зери латукӯб гирифтааст, ки дар натиҷаи ин зарбаҳо модари чор фарзанд дар бемористон ба ҳалокат расид.
Ба иттилои Офоқ Қодириён, котиби матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, 12-уми ноябри соли равон шаҳрванд Раҳмонзода Шамсиддин соли таваллудаш 1991 дар ҳолати сархушӣ бо ҳамсараш Манижа Достиева, соли таваллудаш 1995, муноқиша намуда, дар манзили истиқоматияш ӯро зери латукӯби шадид қарор додааст. Дар натиҷа ҳамсараш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара бистарӣ мешавад ва 17-уми ноябр ба ҳалокат мерасад.
– Нисбати Раҳмонзода Шамсиддин дар шуъбачаи тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Данғара парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта тафтишот идома дорад, – гуфт Офоқ Қодириён.
Мавлуда Гулова, Фараж