Аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Далер” дар маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб барои 600 хонанда  мактаб бунёд карда шуд, ки онро президенти кишвар рӯзи 5 октябри соли равон зимни сафарии кории худ ба ин  шаҳр мавриди истифода қарор дод.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 бо дарназардошти талаботи муосир бунёд ёфтааст ва аз синфхонаҳои барҳавову замонавӣ иборат мебошад.

Аз ҷумла, барои таълиму тарбияи толибилмон лабораторияҳои фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология ва физика ташкил гардидаанд.

Ба хотири омӯзиши касбу ҳунар дар муассисаи мазкур синфхонаҳои алоҳидаи таълими меҳнати писаронаву духтарона ташкил ёфта, бо тамоми аёнияти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Ба роҳбари давлат иттилоъ доданд, ки бунёди муассисаи мазкур мушкилоти аҳолии маҳаллаи Чаманзорро дар самти надоштани таълимгоҳ ҳал намуд, зеро то ин дам хонандагон роҳи дарозро тай намуда, барои дарс омӯхтан ба маркази шаҳри Кӯлоб мерафтанд.

Муассисаи таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 10 синфхонаву дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад ва дар дохили он ҳамчунин ошхона бо имконияти муосир ва толори варзишӣ ҷой дода шудаанд.

Барои фарогирии толибилмон ба китобхонӣ дар дохили иншоот китобхонаи замонавӣ ҷой дода шудааст, ки дар он китобҳои фанниву бадеӣ дастрас мебошанд.

Роҳрав ва дохили муассисаи таълимӣ бо санъати баланд бунёд ёфта, барои омӯзгорон ҳуҷраҳои корӣ ташкил гардидаанд. Иншоот дар масоҳати як гектар бо тарҳи зебову замонавӣ қомат афрохта, ҳудуди муассиса сафолакпӯш карда шудааст. Ҳамчунин дохили муассиса бо гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зиннат дода шудааст. Дар назди таълимгоҳ як майдончаи муосири замонавӣ бунёд ёфта, барои гузаронидани машғулияти варзишӣ имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Корҳои сохтмонии муассисаи таълимӣ соли 2019 оғоз гардида буд. Иншооти мазкур дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, туҳфаи арзанда барои сокинони маҳаллаи Чаманзори шаҳри Кӯлоб маҳсуб меёбад.

Зимни боздид Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, чунин иқдомҳои бунёдкоронаро сазовори таҳсину дастгирӣ арзёбӣ кард.

Ҳамчунин ба хонандагон тавсия дода шуд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, илмҳои замонавиро ҳамаҷониба аз худ кунанд, то дар оянда мутахассиси соҳибтаҷриба гарданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь