Бо мақсади дастгирии тадбирҳои Нақшаи вокуниш ба ҳолатҳои изтирорӣ оид ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи миллии ҷорӣ намудани ваксинатсия бар зидди сирояти коронавируси COVID-19, 14 марти соли 2022 Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонии ба дар ҳаҷми маблағи 25 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи фавкулоддаи муковимат ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TEC-19) ба имзо расид.

Созишномаро вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ Озан Севимли ба имзо карданд. Ин грант маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи TEC-19 дар Тоҷикистон мебошад, ки аз соли 2020 амалӣ карда мешавад ва ҳадафаш дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Тоҷикистон барои мубориза бо оқибатҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии пандемияи COVID-19 мебошад.

Маблағҳои иловагӣ пеш аз ҳама барои харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳо бар зидди COVID-19 ва масолеҳи марбут ба он (сӯзанҳо, сӯзандоруҳо, қуттиҳои муҳофизатӣ), инчунин тавсеаи системаи электронии бақайдгирии ваксинаҳо ва тестхои санҷиши барои COVID-19, чопи шаҳодатномаҳои ваксинатсия истифода мешаванд. Инчунин харидани тестхои COVID-19, таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ ва лавозимоти иловагӣ ба монанди дору ва дигар  ашёеи барои табобати беморони COVID-19 дар беморхонахо мухим, дастгирӣ карда мешавад.

То имрӯз сандуқи маблағгузории Лоиҳаи фавкулоддаи муковимат ба сирояти коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (TEC-19) дар доираи ду гранти маблағгузории ибтидоӣ ва иловагӣ 32,5 миллион долларро ташкил додааст. Ин захираҳо барои таҳкими иқтидори шӯъбаҳои эҳёгарӣ дар 10 беморхона тавассути хариди таҷҳизот, лавозимоти тиббӣ, таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ, харидани доруворӣ ва маводхои дезинфексия, реактивҳои лабораторӣ ва санҷишҳои ПЦР ва хамчунин корҳои таъмирӣ истифода шуданд. Илова бар ин, тавассути муассисаи COVAX 650,400 вояи ваксинаҳои Moderna харидорӣ карда шуд. Инчунин барои беҳбуди таъминоти оксиген дар 15 беморхона барои кӯмак ба беморони гирифторони COVID-19 дар кабули терапияи оксигени наҷотбахш сармоягузориҳои зарурӣ анҷом дода мешаванд.

Илова бар ин,  дар доираи маблағгузории Лоиҳа ба 194,130 хонаводаҳои камбизоат дар саросари кишвар барои рафъи оқибатҳои тағйирёбии нархи маводи ғизоӣ, ки дар натиҷаи пандемия ба вуҷуд омадаанд, кӯмаки фаврии нақдии яквақта расонида шуд. Лоиҳаи TEC-19 инчунин барои пур кардани норасоии буҷет барои хариди ваксинаҳои зидди сурхакон, паротит ва сурхча (MMR) барои кӯдакон кӯмаки фаврӣ расонидааст.

Маблағгузории иловагӣ тавсеаи минбаъдаи фаъолияти иртиботӣ оид ба кор бо аҳолии кишвар бо мақсади рафъи таассуби марбут ба нобоварӣ ба ваксинаҳо ва хохиш надоштан ба ваксинагири зидди сирояти коронавирус,  ва бартараф кардани пахншавии маълумоти нодурусти оиди пандемияро пешбинӣ мекунад. Дар давраи гузашта Лоиҳа тавассути омӯзиши беш аз 150 рӯзноманигор ва 1,000 ихтиёриёни ҷомеа таблиғоти оммавӣро оид ба COVID-19 анҷом дод.

Дар маҷмӯъ, пас аз имзои Созишномаи дар боло зикршуда сандуқи умумии маблағгузории лоиҳаи ТЭС-19  57,5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь