акс аз asia+

Дар маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ тирпарронӣ байни нерӯҳои қудратии Тоҷикистон ва Қирғизистон рафта истодааст.
Дар ин бора як хабарнигори мо аз маҳалли наздик ба ҳодиса хабар дод. Ба гуфтаи ӯ задухӯрд дар наздикии яке аз қисми ҳарбии воқеъ дар маҳаллаи Сомониён рух додааст.
Хабари мазкурро Зубайдулло Шомадов сухангӯи раиси шаҳри Исфара низ, ки дар ҷои ҳодиса қарор дорад дар сӯҳбат ба “Суғднюс” тасдиқ кардааст. Ба гуфтаи Шомадов нофаҳми байни шаҳрвандони ду кишвар аз сангандозӣ оғоз шудааст.
Азия плюс дар такя ба манобеҳои худ аз будани қурбониён хабар додааст. Инчунин ин нашрия гуфтааст, ки занону кудакон аз маҳаллӣ ҷанг ба ҷои амн бурда шудаанд.

Ҳодисаро пайгирӣ хоҳем кард

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь