Баҳодур Усмонов, Шаббос Негматуллоев, Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова ба даври нимфинали Чемпионати бокси Осиё, ки 24-уми май дар шаҳри Дубай оғоз шуд ва давоми се рӯз варзишгарон дар 20 вазн (10 вазн миёни бонувон, 10 вазн миёни мардҳо) қувва озмуданд, роҳ ёфтанд.

Аз ҷумҳурии мо 11 варзишгар ба Дубай сафарбар гардиданд ва чор нафарашон ба нимфинал роҳ ёфтанд. Дар рӯзи аввал чор варзишгари мо ба ринг баромаданд ва се нафарашон пирӯз шуданд. Абдураҳмон Ёқубов дар вазни 60кг бар намояндаи Аморати Муттаҳидаи Араб Ал-Садид Саъд, Абдумалик Болтаев дар вазни 75кг бар намояндаи Қатар Валид Фаҳад, Сиёвуш Зуҳуров дар вазни +91кг бар варзишгари Қирғизистон Бекболсун Токтосун. Бахтовар Сагизов дар вазни 56кг аз варзишгари Афғонистон Маликзода шикаст хурд.

Рӯзи дуюм чемпиони феълии Осиё Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг варзишгари Филиппин Пануаян Ҷон Паулро бо нокаути техникӣ мағлуб карда, ба нимфинал баромад.

Ҷасур Қурбонов дар вазни 91кг аз варзишгари Ҳиндустон Санҷит, бонувонамон Сумайя Қосимова дар вазни 51кг аз варзишгари Муғулистон Алтансегсег Лутсайхан, Руҳафзо Ҳақназарова дар вазни 54кг аз намояндаи Ҳиндустон Сакшӣ мағлуб шуданд.

Рӯзи сеюм Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муҳориба карда, бар варзишгари Афғонистон Нурӣ Силаб пирӯз шуд ва ба нимфинал роҳ ёфт.

Се варзишгари дигарамон дар муҳорибаи дуюмашон мағлуб гардиданд. Абдураҳмон Ёқубов (60кг) аз варзишгари Узбекистон Абдумалик Халоқов, Абдумалик Болтаев (75кг) аз намояндаи Эрон Мусавӣ Саидшоҳин ва Сиёвуш Зуҳуров (+91кг) аз варзишгари Узбекистон Баҳодур Ҷалолов шикаст хӯрданд.

Дар нимфинал 27 май Миҷгона Самадова дар вазни 57кг муқобили Ситора Турдибековаи узбекистонӣ, Шоира Зулқайнарова дар вазни 60кг муқобили Ҳасанан Ҳусватун аз Индонезия, 28 май Баҳодур Усмонов дар вазни 60кг муқобили Шива Тана аз Ҳиндустон ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг муқобили Дилшод Рӯзметов аз Узбекистон ба ринг мебароянд.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ба ғолибон ҷоизапулӣ дода мешавад. Ба ғолиби ҳар вазн 10 000 доллар, барои ҷои дуюм 5000 доллар ва барои ҷои сеюм 2500 доллар тақдим мегардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here