– СҶТ аз ҳукуматдорони Чин дархост кард, ки дар тадқиқоти пайдоиши коронавирус иштирок кунад, аммо ҷавоби рад гирифт, –  хабар додааст намояндаи СҶТ дар Чин Годен Галеа.

Ӯ гуфтааст, ки барои СҶТ иштирок дар корҳои тадқиқотӣ ва муқаррар кардани ҳолатҳои зуҳури вирус ниҳоят муҳим аст, чунки бо ин роҳ садди роҳи дунёгир шудани вирусҳои дигар шуда метавонанд.

Ҳукумати Чин ҷиҳати дастрасии СҶТ ба ҳуҷҷатҳои озмоишгоҳҳои вирусологии Уҳан иҷозат надодааст.

– СҶТ шубҳа надорад, ки вирус бо роҳи табиӣ зуҳур кардааст, аз эҳтимол дур нест, ки онро бо роҳи сунъӣ ба вуҷуд оварда бошанд. Он сабтҳои озмоишгоҳии таърихи пайдоиши вирус ҳисоботи пурра шуда метавонанд, – гуфтааст Галеа.

– Тадқиқоти миллӣ (Чин) аллакай ҷараён дорад, лекин дар ин марҳала моро даъват накарданд. СҶТ ирсоли дархостро идома медиҳад, – баён кардааст Галеа дар мусоҳиба бо шабакаи бритониёии  Sky News.

Президенти ИМА Доналд Трамп ҳушдор дода буд, ки агар зимни тадқиқоти Вашингтон маълум гардад, ки Чин дар зуҳури сунъии вирус даст дорад, ҳатман ҷавоб мегӯяд.

Вахорати коҳои хориҷии Чин ҳам изҳор дошта буд, ки кишвар аз оғози паҳн шудани вирус ошкоро ва бо эҳсоси масъулият маълумоте, ки ба коронавирус оид буд, нашр мекард.

Аз рӯйи охирон омори СҶТ дар ҷаҳон  3,1 миллион ҳолати сироятшавӣ ба қайд гирифта шуда,  аз ин ҳисоб 217 ҳазор нафар фавтидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь