Тибқи як лоиҳа мавзеи таърихии ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Чилучорчашма бо харҷи 2 миллион сомонӣ пурра бозсозӣ мешавад.
Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нишонзода Даврон дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки навсозии ин макони таърихӣ аз моҳи августи соли ҷорӣ оғоз хоҳад шуд.
– Бозсозии Чилучорчашма бо дастгирии кишварҳои хориҷӣ ба анҷом расонида мешавад, – афзуд раиси ноҳия. – Барои шиноварӣ ҳавзҳои алоҳида барои занон ва мардон бунёд хоҳад шуд, – гуфт ӯ
Ҳамчунин, дар ин макони таърихӣ, бо ҷалби соҳибкорон, меҳмонхона бо тамоми шароит сохта ба истифода дода мешавад.
Тибқи маълумоти таърихӣ Чилучорчашма манбаи оби муқаддас буда, он дар соҳили рости дарёи Кофарниҳон, 12 км ғарбтар аз ноҳияи Шаҳритус, ё 6 км дуртар аз маркази ноҳияи Носири Хусрав (собиқ Бешкент), дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ҷойгир аст. Бостоншиносон ин сарчашмаро 10-15 ҳазор сол умр медиҳанд ва ҳамасола ҳазорҳо сайёҳи дохиливу хориҷӣ аз он дидан мекунанд.