Чилахон Холов 22 декабри соли 1957 дар деҳаи Кангурти ноҳияи Совет ба дунё омадааст. Факултети физикаи Университети давлатии Тоҷикистонро соли 1980 хатм кардааст. Дар баробари таҳсил мудом дар маҳфилу шабнишиниҳо овозхонӣ мекард ва узви фаъоли ансамбли «Наврӯз»-и назди донишгоҳ буд. Ахиран муҳаббат ба ҳунару мусиқӣ баъди хатми донишгоҳ ӯро ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон овард.
Соли 1986 дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ансамбли фолклорӣ-этнографии «Ганҷина» таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Зафар Нозим ба уҳда дошт. Бар асоси озмун ва дарёфти баҳои баланди ҳайати доварон вориди ансамбл шуд. Нахустин сабти Чилахон Холов бадеҳа ё дуэти «Бозубандамро бидеҳ» буд, ки барои ин овозхони он вақт ҷавон шуҳрати саросарӣ овард.
Солҳои 1980—1991 сарояндаи Филармонияи давлатии Точикистон, 1991—2002 роҳбари ансамбли фолклорию этнографии «Ганҷина», 2002—2003 роҳбари бадеии ансамбли давлатии «Фалак», 2003—2005 директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ, аз соли 2005 роҳбари гурӯҳи эҷодии ТВ «Сафина» буд.
Солҳои аввал бештар ба таронаҳои халқӣ таваҷҷӯҳ намуда, «Кадудона», «Фалак», «Қошуқтарош», «Хамида мӯи сиёҳ» барин сурудҳои дилнишинро ба ҳаводоронаш пешкаш кард. Минбаъд ба ашъори шуарои пешину муосир муроҷиат намуда буд ва дар ҳавои оҳангҳои хеш «Тарки соғар», «Рӯи ту», «Муборак бошад», «Ёди Ватан», «Шаби борон», «Сад умед», «Бачагӣ», «Омад хазон», «Саломат мекунам» барин сурудҳо эҷод кард, ки писанди умум афтоданд. Ба Ҳиндустон, Ироқ, Голландия, Русия, Фаронса ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Соли 1994 унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Номбурда баъди гирифторӣ ба бемории саратон муддате бемор буд ва рӯзи ҳаштуми феврали 2023 дар синни 65-солагӣ аз дунё даргузашт.