Мавсими ҷамъовари тарбузу харбуза ва ҳандалак дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оғоз шудаву деҳқонон ҳар донаи онро бо нархи яклухт ва хеле арзон аз сари замин ба фурӯш мегузоранд, аммо савдогарон чӣ қадаре, ки хоҳанд нарх гузоштаву мефурӯшанд.
Айни замон дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварии тарбуз, ҳандалак ва харбуза оғоз шудааст. Масалан, дар ноҳияи Ҷайҳун нархи як дона тарбуз аз 7-14 сомонӣ, ҳандалак аз 2-5 сомонӣ аст.
Аммо дар бозору фурӯшгоҳҳои вилояти Хатлон савдогарон як тарбузро 20 сомонӣ харбузаро 30 сомонӣ, ҳаналакро аз 10-25 сомонӣ мефурӯшанд.
Ба ҳамин монанд нархи шафтолу, гелос ва дигар маҳсулоти кишоварзиро савдогарон аз деҳқон бо нархи еарзон гирифта бо нархи гарон мефурӯшанд.
Ҳоло сокинон аз он нигаронӣ доранд, ки дар арафаи иди Қурбон боз соҳибкорон нархро чанд маротиба гарон мекунанд.