Ӯзбекистон дар фазои Осиёи Марказӣ кишваре муаррифӣ шудааст, ки чӣ дар гузашта ва чӣ дар шароити кунунӣ ба истеҳсоли филмҳои тасвирӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. Гуфта мешавад, дар даврони Шӯравӣ Ӯзбекистон дар истеҳсоли филмҳои мултипликатсионӣ ҷои сеюмро ишғол мекард.
Қарор аст, ки студияи филмҳои мултипликатсионии Агентии миллии “Ӯзбеккино” то охири соли равон 11 адад филми тасвирӣ офарад. Ин филмҳо дар тарбияи маънавии кӯдакон хеле нақши муҳим мебозанд. Дар ин бора сухангӯи Агентии миллии “Ӯзбеккино” Барно Ӯнгбоева ба мухбири “Фараж” иттилоъ дод.
Вай ҳамчунин изҳор кард, ки дар айни ҳол таҳиягарони студияи мултфилмҳои Агентии миллии “Ӯзбеккино” барои кӯдакон 7 филм офаридаанд. Ба таъкиди Барно Ӯнгбоева ин филмҳо дар ояндаи наздик аз тариқи шабакаҳои телевизионии кишвараш барои кӯдакон намоиш дода хоҳанд шуд.
Гуфта мешавад, ки Ҳукумати Ӯзбекистон танҳо барои соли 2019 аз буҷаи худ барои истеҳсоли филмҳои тасвирӣ 3 миллиарду 670 миллион сӯм ихтисос додааст. Ин маблағ дар қиёс ба маблағи соли гузашта ҳаҷман хеле зиёд мебошад. Бо ин маблағ метавон соҳаи мултипликатсияи Ӯзбекистонро наздик ба дараҷаи он солҳое баробар сохт, ки то касби истиқлол ба он ноил мешуд.
Барно Ӯнгбоева тазаккур дод, ки дар айни замон таъмини студияи филмҳои мултипликатсионӣ бо кадрҳои лаёқатнок каме душвор шудааст, аммо ин масъала низ дар фурсати наздик ҳаллу фасл хоҳад шуд. Интизор меравад, ки таҳиягарони ӯзбек бо таҳиягарони филмҳои аниматсионии кишварҳои хориҷӣ робитаҳои ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд ва ин мушкилӣ рафъ мегардад.
Ба гуфтаи Барно Ӯнгбоева барои истеҳсоли як филми мултипликатсионии дорои мазмун ва мундариҷаи хуб ва ҳаҷми 10-дақиқаӣ 400 миллион сӯм ё муодули 425 ҳазор доллари амрикоӣ лозим аст. Сухангӯи Агентии миллии “Ӯзбеккино” афзуд, ки таҳиягарони филмҳои мултипликатсионӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳое сахт камари ҳиммат бастаанд, ки дар ояндаи наздик ин соҳа шуҳрати пештараи худро барқарор намояд.
Ногуфта намонад, ки дар Рӯзи байналхалқии аниматсия Агентии миллии “Ӯзбеккино” дар яке аз толорҳои барҳавои шаҳри Тошканд барои кӯдакони зиёд фуршети идона орост. Баъд чор филми тасвирӣ намоиш дод, ки ба тозагӣ дар Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд