Соли таҳсили гузашта  168 донишҷӯи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар”-ро аз сафи донишҷӯён хориҷ кардаанд.

Директори коллеҷи мазкур зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки сабабҳои хориҷ шудани донишҷӯён сафар ба хориҷи кишвар, давомоти нокифоя ва дигар омилҳо мебошанд.

Ӯ гуфт, ки дар байни 168 донишҷӯйи хориҷшуда духтарон низ буданд, ки омили хориҷ шудани онҳо ба шавҳар баромадан, таввалуди фарзанд ва дигар сабабҳо аст. Қайд гардид, ки маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии “Колеҷи тиббии шаҳри Бохтар то ҳади имкон талош мекунанд, ки донишҷӯйёнро хориҷ накунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь