Дар шаҳри Душанбе “Студияи кӯдакон ва наврасони аниматсия, кино ва комикс-“Cartoon & Movie” ба фаъолият шуруъ кард. Тавре муассиси студия Рустам Орифӣ ба хабарнигори мо иттилооъ дод, онҳо ба қабули кӯдакону наврасон шурӯъ кардаанд.

Дар студияи  “Cartoon & Movie” дар се самт – аниматсия, кино ва комикс хоҳишмандон қабул карда шуда, ба онҳо нозукии ин ҳунарҳо омӯзонида мешавад.  Чанде қабл Рустам Орифӣ нахустин комикси тоҷикӣ бо номи “Одамкитоб”-ро нашр кард, ки аз ҷониби муштариён ва дӯстдорони ин навъи ҳунар хуш пазируфта шуд.  “Одамкитоб”, ё “Bookmаn”, қаҳрамони аниматсионӣ-фантастикӣ буда, аз мутолиаи китоб дорои қувваи аҷибе мегардад ва онро барои иҷрои корҳои нек сарф мекунад.

Ҳоло студия сабти филми бадеии “Чора”-ро оғоз кардааст. Ин филм дар бораи нафароне қисса мекунад, ки дар кӯчаи сарбастаи зиндагӣ раҳгум зада, чораи халосӣ надоранд.

Амони Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь