Дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола ба анҷом расид, ки дар он дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон сазовори медали нуқра шуд.

Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола, ки аз 17 то 23 ноябр дар Душанбе баргузор шуд, наврасони эронӣ пирӯз шуданд. Онҳо дар ду бозӣ ғалаба карданд ва як бозиро бо натиҷаи мусовӣ анҷом доданд.

Наврасони Тоҷикистон низ дар ду бозӣ пирӯ шуданд ва як мусовӣ карданду баробари эрониҳо 7 имтиёз ба даст оварданд, аммо таносуби тӯбҳои Эрон бештар буд. Ҷойи сеюм насиби тими наврасони Узбекистон гардид.

Чемпионати CAFA-2021 миёни дастаҳои мунтахаби наврасон (U-15)

Даври 1

Тоҷикистон – Қирғизистон – 5:0

Голҳо: Абубакр Сулаймонов, 5 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 11 (2:0). Амирхон Ҷалолов, 47 – аз пеналтӣ (3:0). Азиз Зарифӣ, 70 (4:0). Билол Бобоев, 78 (5:0).

Узбекистон – Эрон – 2:3

Даври 2

Эрон – Тоҷикистон – 1:1

Голҳо: Алӣ Раҳмоннажод, 7 (1:0). Абубакр Сулаймонов, 17 – аз пеналтӣ (1:1).

Қирғизистон – Узбекистон – 2:2

Даври 3

Тоҷикистон – Узбекистон – 1:0

Гол: Масрур Ғафуров, 58.

Эрон – Қирғизистон – 8:0

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here