Дар доираи рақобатҳои даври сеюми мусобиқаи футзали Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола,  футзалбозони ҷавони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Афғонистон дидор анҷом доданд. Дар ин набард дастаи мунтахаби футзали ҷавонони Тоҷикистон бо натиҷаи бузурги 1:5  шикаст хӯрд. Голи ягонаи ҷавонони тоҷикро Саидисроил Саидов аз зарбаи пеналтӣ ба нишон расонд.

Дар ду бозии гузашта низ футзалбозони ҷавони тоҷик аз дастаҳои Эрон (1 :2) ва Узбакистон (1:3) дучори бохт шуда буданд. Айни ҳол футзалбозони ҷавони тоҷик бидуни ба даст овардани имтиёз дар зинаи охири ҷадвали мусобиқа мебошанд. Тими миллии ҷавонони то 19-солаи афғон бо ба даст овардани 6 хол дар зинаи дуюм қарор дорад.

Хотиррасон мешавем, ки мусобиқоти қаҳрамонии футзал (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 19-сола дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон бо иштироки 5 даста идома дорад. Дар мусобиқа футзалбозони ҷавони Эрон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд.

Рақобатҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як марҳила доир мешаванд ва дар он дастаҳо чор бозӣ анҷом медиҳанд. Дастае, ки аз ҳама шумораи зиёди имтиёзҳоро соҳиб шуд, ғолиби мусобиқа мегардад. Тими милли футзали ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар ин мусобиқа зери роҳбарии мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ ширкат мекунад.

Шогирдони Мустафо Афшорӣ дар дидори охирини худ рӯзи 19-уми феврал, ба масофи ҳарифони қирғизи худ мераванд. Бозии дастаҳо соати 18:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь