Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиии вилояти Хатлон аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёди як шаҳракаи нав идома дорад, ки он дар арафаи ҷашни Наврӯзи соли 2022 ба истифода дода мешавад.

Раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдуллои Файзулло иттилоъ дод, ки  корҳои сохтмонӣ дар ин  шаҳрак 90 дарсад иҷро шудаанд.

– Дар бунёди ин шаҳрак беш аз 200 миллион сомонӣ масраф шудаст, ки ҳамааш аз ҷониби соҳибкорон аст, – илова кард раис.

Иттилоъ дода шуд, ки дар корҳои сохтмонии ин шаҳрак, ки чанд сол боз идома дорад, садҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин карда шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь