Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давалтии кишвар бунёди 203 иншооти таъйиноташон гуногун  ба  нақша гирифита шуданд, ки аз он 13 ададаш сохта ба истифода дода шуданд.

Раиси ноҳияи мазкур Раҳимзода Сафар иттилоъ дод, ки танҳо дар соли 2022 бунёди 17 иншоот  ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он 7 ададаш коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ҳастанд.

– Дар ин мудат дар ноҳия 5 коргоҳу корхонаи саноатӣ, аз ҷумла корхонаи собунбарорӣ, равғанбарорӣ, пахтақабулкунӣ ва  коғази ташноб сохта ба истифода дода шуд, – илвоа кард ӯ ва гуфт, ки ҳоло сохтмони сехи макаронбарорӣ дар ноҳия идома дорад, ки он то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад.

Раис афзуд, ки нақша доранд, дар ҷамоати деҳоти Якатути ноҳия як фабрикаи ресандагӣ бунёд кунанд, ки баъди ба истифода додани он 950 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нақша то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар барои кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як бинои замонавӣ бунёд карда мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here