7-уми июли соли равон бо ташаббуси Маркази дипломатияи пешгирикунандаи Созмони Милали Муттаҳид байни вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон мулоқоти формати виртуалӣ баргузор гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои ин манбаъ роҷеъ ба аҳамияти муттаҳидсозии талошҳои минтақавӣ барои ҳалли мусолиматомези бӯҳрони Афғонистон, барқарор намудани иқтисодиёти ин кишвар ва арҷгузорӣ ба принсипи нақши пешбарандаи мардуми Афғонистон дар рушду ривоҷи равандҳои сиёсии он дар меҳвари ин музокирот қарор дода шудааст.
Гуфта мешавад, ки ба муҳим будани муборизаи муштарак ба зидди таҳдидҳои терроризми байналмиллалӣ ва иқдоми муассир аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин самт дар ҷараёни ин мулоқот таваҷҷӯҳи хос дода шуд.
“Тарафҳо ҷонибдории худро барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ иброз намуданд. Дар ин росто иштироки васеи Афғонистон дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ ҷиҳати барқарории барвақти сулҳи устувор ва дарозмуддат дар ин кишвар мусоидат хоҳад кард”, омадааст дар хабари дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.
Дар ин хабар зикр шудааст, ки ба аҳамияти калидии татбиқи лоиҳаҳои гуногуни инфрасохторӣ дар соҳаи барқ, нақлиёт ва коммуникатсия дар қаламрави Афғонистон низ таъкид варзида шуд.
Аҳамияти баргузории Конфронси байналмилалии Тошканд таҳти унвони “Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ: Алоқаи минтақавӣ. Таҳдидҳо ва имкониятҳо” дар ин мулоқот махсус қайд шудааст.
Инчунин ҷонибҳо перомуни самтҳои афзалиятноки расонидани кӯмаки ҳамаҷониба ба Афғонистон, аз ҷумла интиқоли кӯмакҳои башардӯстона дар давраи пандемия изҳори ақида намудаанд.
Ба ин тартиб, масъалаҳои зиёди марбут ба Афғонистон ва бӯҳрони он 15-16 июли соли равон дар як конфаронси байналмилалӣ мавриди муҳокимаи васеъ ва ҳаматарафа қарор хоҳанд гирифт, ки дар шаҳри Тошканд баргузор мешавад.
Ин конфаронс бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев роҳандозӣ мегардад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд