Мақомоти Бритониё эъдоми муовини собиқи вазири дифои Эрон Алиризо Акбариро, ки дар ҷосусӣ ба нафъи Бритониё гунаҳкор дониста шуда буд, маҳкум карданд.

Матбуоти аврупоӣ аз қавли Ҷеймс Клеверлӣ, вазири хориҷаи Бритониё, гуфтааст, “ин амали ваҳшиёна беҷавоб нахоҳад монд.” Ин амали Теҳронро сарвазири Бритониё Риши Сунак низ маҳкум кард.

Акбари 61-сола душаҳрвандӣ дошт, ки њам аз табааи Эрон ва њам Бритониё буд. Дар Теҳрон вайро барои додани маълумоти муҳим ба хадамоти иктишофии Бритониё гунаҳкор донистанд.

Матбуоти Эрон таъкид кардааст, ки ӯ дар чанд мақоми баланд фаъолият дошта, дар давраи раёсати ҷумҳурии Муҳаммад Хотамӣ (1997-2005) муовини вазири дифоъ буд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь