Шаби 18-уми феврали соли ҷорӣ дар бозори марказии ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омода, дар пайи он даҳҳо соҳибкор зарар диданд.
Як манбаъ аз ноҳияи Панҷ ба “Фараж” хабар дод, дар сӯхтори шаби 18-уми феврали соли равон дар бозори марказии ноҳияи Панҷ 13 нуқтаи хизматрасонӣ ба коми оташ рафта, соҳибони он зарари ҷиддӣ диданд.
Гуфта шуд, сӯхтор дар маркази савдои “Фархундаи Шӯҳрат” сар зада, алангаи оташи он дар масоҳати 240 метри мураббаъ паҳн шудааст.
Барои саривақт хомӯш кардани ин сӯхтор 7 мошини оташнишонӣ ва беш аз 80 корманди Идораи сӯхторхомушкунӣ сафарбар шудаанд, гуфт манбаъ ва афзуд, ки ба маблағи 30 миллион сомонӣ молу амволи соҳибкорон аз сӯхтор наҷот дода шудааст.
– Мутахассисон сабаби сар задани сӯхтор дар бозори Панҷро расиши кутоҳи ноқилҳои барқӣ дар симчӯб гуфтанд. Ҳоло аз ҷониби комисия зарари расида муайян карда мешавад, – илова кард манбаъ.
Бояд гуфт, ду сол пеш низ дар ин бозор сӯхтор ба амал омада буд.