Шоми 1 июни соли ҷорӣ дар бозори Фаровони шаҳри Бохтар сӯхтор сар зад, ки дар натиҷа қисме аз бозор ба хокистар мубадал шуда, соҳибкорони зиёде зарар диданд.

Ба ҷойи ҳодиса мошинҳои сухторхомӯшкунии зиёд сафарбар шуданд, аммо шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки аз сабаби зиёд будани алангаи оташ онҳо натавонистанд саривақт сухторро хомӯш кунанд.

Тибқи маълумоти ба даст расида ҳангоми сар задани сӯхтор дар бозори Фаровони шаҳри Бохтар раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода,  раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, масъулон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, наҷотдиҳандаҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилоят дар маҳалли рӯйдод қарор доштанд.

Бар асари  ин сӯхтор 12 нафар ҷароҳат бардошта, аз онҳо 9 нафарашон ба беморхонаи вилоятии Қарияи Боло ба номи  Бури Воҳидов ва 3 нафари дигар ба беморхонаи шаҳрӣ интиқол дода шуданд. Дар ин бора як манбаъ аз беморхонаи мазкур ба “Фараж” хабар дод.

Ба гуфти манбаъ аз 9 нафаре, ки ба ин беморхона оварда шуданд, 7 нафар рухсат шуда,  ду нафар ҳоло бистарӣ мебошанд. Вазъи саломати шаҳрванди  52-солаи шаҳри Бохтар Маҳмад Сафаровро вазнин арзёбӣ карданд.

Ба гуфти масъулони беморхонаи Қаряи Боло 90 фисади бадани ин шаҳрванд  сӯхтааст.

Ҳоло маълум нест, ки сӯхтор аз чӣ сар задаст ва чӣ қадар зиён ба соҳибкорон овардааст. Аммо, тибқи маълумоти расида, ҳоло комиссияи махсуси иборат аз намояндагони ниҳодҳои гуногун машғул ба омӯзиши сабаби сар задани сӯхтор ва ҳаҷми зарари расида мебошад.

Бояд гуфт, ин бори аввал нест, ки бозори Фаровон оташ мегирад. Дар гузашта низ чанд маротибаи дигар дар ин бозор сӯхтор сар зада буд.

Ҳоло хабарнигори мо дар ҷойи ҳодиса қарор дорад ва бо пайдо шудани маълумоти нав хабарро такмил хоҳем дод.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here