Дирӯз дар доираи вохӯриҳои гуруҳии «CAFA Nations Cup» дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар бозӣ бо Туркманистон мусовӣ кард.

Ба андешаи коршиносон тими милии мо як бозии берабту кӯчабозорие ба намоиш гузошт. Ин ҳам дар баробари дастаи аутсайдере чун Туркманистон. Ҳисобро дар дақиқаи 57-ум бозигари тими Туркманистон Мурат Аннаев боз карда, се дақиқа пеш аз анҷоми вохӯрӣ ба Нуриддин Ҳамроқулов муяссар шуд, ки пас аз партофти Эҳсони Панҷшанбе аз зарбаи ҷаримавӣ ҳисобро мусовӣ кунад.

Дар ин гуруҳ дастаҳои ботаҷрибае чун Уммон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд, ки дар бозиия якуми ин дастаҳо ҳисоби 3:0 бар нафъи Ӯзбекистон ба қайд гирифта шуд.

Бозиҳои даври дуюми мусобиқаи гурӯҳии «CAFA Nations Cup-2023» дар гуруҳи “А” рӯзи чоршанбе, 14 июн, баргузор мешаванд. Дар ин рӯз мунтахаби Тоҷикистон бо тими Уммон ва Ӯзбекистон бо дастаи Туркманистон бозӣ мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь