29-уми июл дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 варзишгари Тоҷикистон Сиёвуш Зуҳуров дар муштзанӣ муҳориба кард ва ноком гардид.

Сиёвуш, ки дар даври аввал озод буд, дар даври ҳаштякфинали вазни +91кг аз намояндаи Фаронса Мурод Алиев бо ҳисоби 0:5 мағлуб шуд.

25 июл варзишгари дигарамон дар ин намуд Шаббос Негматуллоев дар вазни -81кг бо варзишгари Чин Даксиан Ченг муҳориба карда, бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум гардида буд.

Танҳо Баҳодур Усмонов дар вазни -63кг дар даври аввал бар намояндаи Доминикан Леонел Сантос Нунез бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард, ки 31-уми июл дар даври 1/8-финал бо Элнур Абдураҳимов (Узбекистон) вомехӯрад.

Фардо, 30-юми июл, Темур Раҳимов дар намуди ҷудо дар вазни +100кг куштӣ мегирад. Ҳарифи нахустинаш Эндӣ Гранда аз Куба мебошад. Ҳамчунин, Анастасия Тюрина ва Олимҷон Ишанов дар шиноварӣ ба масофаи 50м, тарзи озод дар даври интихобӣ ширкат мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь