3-юми декабр дар толори калони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Айнӣ бо иштироки Артисти халқии Русия, Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ситораи балети ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов нишасти матбуотӣ оид ба вазъи имрӯзаи театр ва балет, инчунин дурнамои он дар Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар рафти нишаст маълум шуд, ки  Фаррух Рӯзиматов бо даъвати шахсии директори Театри опера ва балет  ба Тоҷикистон омадааст ва чанд муҳлат ҳамчун сарбалетмейстери театри мазкур фаъолият хоҳад кард.

Ба саволи хабарнигорон оид ба вазъи имрӯзаи театр ва балет дар Тоҷикистон Фаррух Рӯзиматов чунин посух дод:

– Вазъи театрро хуб мебинам, вале ҳолати балет воқеан ташвишовар ва ҳатто гиряовар аст.

Ба надешаи ӯ имрӯз дар балет ҳамагӣ 15-20 нафар фаъолият доранд, ки ин хел кам аст. «Агар дастгирӣ шавад кӯшиш мекунам ин шумораро то ба 50 нафар расонам» – гуфт ӯ.

Фаррух Рӯзиматов 26 июни соли 1963 ба дунё омада, ҳанӯз дар 10-солагӣ замони зиндагиаш дар Душанбе ҳамчун навраси боистеъдод барои таҳсил ба мактаби маъруфи балети Ваганови шаҳри Санкт-Петербурги Русия бурда шуд.

Аз ҳамон айём то ба ҳол ӯ тамоми зинаҳои ин ҳунарро паймуда, дар саҳнаҳои театрҳои маъруфи ҷаҳон дар шаҳрҳои Маскав, Лондон, Токио, Венетсия, Ню-Йорк ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, соҳиби ҷоизаҳои байналмилалӣ, назири «Ниқоби тиллоӣ», «Балтика», «Чароғи тиллоӣ», Benois de la Danse (Бенуа де ла Данс) ва ғайра шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь