Китоби «Бозгашт ба Панҷрӯд» (Возвращение в Панджруд)-и адиби маъруф Андрей Волос ба форсӣ тарҷума ва нашр шудааст.
Ин асар аз ҷониби доктор Обтини Гулкор, пажӯҳишгари гуруҳи адабиёти татбиқии Фарҳангистони забону адаби форсӣ тарҷума шудааст, ки нашри бурҷи онро дар 530 сафҳа ва бо шуморагони 1000 нусха, ба баҳои 135 ҳазор тумон мунташир кардааст.
Дар рӯнамоии ин асар гуфта шудааст: «Китоби «Бозгашт ба Панҷрӯд» шарҳ ва тавсифе аст ҳунарӣ бар аҳволи Рӯдакӣ, шоири номдори эронӣ ва авзои замонаи ӯ дар нахустин солҳое, ки эрониёни фарорӯдонӣ рафта-рафта мекӯшиданд, худро аз зери юғи дастгоҳи хилофати Бағдод раҳо созанд. Нависанда дар ёддоштҳои поёнии худ бар китоб тасреҳ кардааст, ки ҳадафаш ба ҳеҷ ваҷҳ навиштани китобе мустанад ё таҳқиқӣ дар бораи Рӯдакӣ набудааст ва аз ин рӯ набояд дар он ба дунболи сиҳҳат ва дурустии воқеёту нукоти торихӣ буд, балки бояд матнро ҳамонанди румони хаёлӣ хонд. Бисёре аз вақоеъ ё шахсиятҳои китоб заминаи торихӣ ва мустанад доранд ва бисёре дигар комилан хаёлианд ва бисёре аз авқот ташхиси марзи хаёлу воқеият коре душвор ва ё ҳатто номумкин менамояд. Ба фаромӯшӣ супурдани воқеият дар ин румон албата барои хонандаи эронӣ, ки нисбат ба хонандагони русӣ ошноии ба маротиб бештаре бо саҳнаҳо ва рухдодҳои китоб дорад, кори осоне нест…
Дигар кори муҳими нависандаи ин китоб сабти бархе аз ойинҳо ва боварҳои марбут ба издивоҷ, хоксупорӣ, зоймон ва низ ҳикоятҳву достонҳои маҳаллӣ аст, ки аз манобеи мухталифи гирд омадаанд».