Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз боздошт шудани як ташхисгари тиббӣ-судӣ дар шаҳри Қурғонтеппа хабар дод, ки вай бо истиодфа аз вазифааш аз шаҳрванд пора талаб кардаст.

Мудинов Раҳматулло Ҳомидович, дар вазифаи ташхисгари тиббӣ-судии Маркази экспертизаи тиббӣ-судӣ вилояти Хатлон кору фаъолият намуда, аз ваколатҳои мансабиаш истифода карда, бо роҳи фиреб ва сӯиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои пешниҳод кардани хулосаи тиббӣ-судӣ вобаста ба фарзандаш дар хусуси бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ маблағи 13.000 сомонӣ талаб кардааст.

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ дар шаҳри Қурғонтеппа, кӯчаи Ваҳдат, назди бинои Терминали мусофиркашонии шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 13000 сомонӣ, Мудинов Раҳматулло Ҳомидович дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудаст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Мудинов Раҳматулло Ҳомидович бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь