Ба ШВКД дар ноҳияи Роштқалъа аризаи шикоятии шаҳрванд Назармамадов Дустмамад, соли таваллудаш 1955, сокини ноҳияи Рошткалъа, дар он хусус ворид гардид, ки шаби 14 марти соли равон, тахминан соати 02:34, шахсони номаълум аз оғилиаш як сар чорвои калони шохдорро дуздидааанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар дидбонгоҳи доимоамалкунандаи ШБДА, воқеъ дар мавзеи Ботсад, автомашинаи тамғаи «Чанху», бо рақамҳои қалбакии ВК8766РТ01, таҳти идораи ронанда Завқибеков Масрур Хайёлбекович, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Хоруғ, ки пеш бо моддаи 237 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, дар ҳолати мастӣ қарор дошт, бо ҳамроҳии шаҳрванд Нағзибеков Фарид Марватшоевич, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Хоруғ, кӯчаи Қирғизистон, хонаи №82, оиладор, соҳиби як фарзанд, пеш бо моддаҳои 89 қ.2 ва 249 қ.3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, манъ карда мешавад. Дар ин бора капитани милитсия Далер Чоршанбиев хабар медиҳад.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз дохили он як сар ҳайвони шохдори калон дарёфт карда шуд. Инчунин ҳангоми кофтукови шахсии шаҳрванд Нағзибеков Фарид Марватшоевич, аз либоси дар танаш дошта, як адад селофани сиёҳ, ки дар дохилаш маводи ҷигариранг, монанд ба маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд.
Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ташхиси криминалистии РВКД дар ВМКБ маводи дарёфт карда шуда, ба маводи нашъадори навъи «афюн» тааллуқ дошта, вазни холисаш 3 грммро ташкил медиҳад. Далели шайъӣ – як сар чорвои калони шохдор ба соҳибаш баргардонида шуд.
Зимни пурсиш аз тарафи кормандони милитсия номбурдагон ба гуноҳи содиркардаи худ, дуздии як сар ҳайвон ва маводи мухаддири аз ӯ дарёфт кардашуда, пурра иқрор гардиданд.
Айни ҳол, нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне дуздии моликияти шахсӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.