21-уми январи соли 2018 Ҳасанов Фахриддин Насоҳиддинович, ки аз шаҳри Истамбули давлати исломии Туркия ба зодгоҳаш ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон баргашта буд, аз ҷониби кормандони РМЗҶМ дар вилояти Хатлон ба гумонбар будан ба аъзои созмони террористӣ-экстремистии «Давлати исломӣ», боздошт шудааст.

Вебгоҳи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, «номбурда соли таваллудаш 04.04.1991 буда, истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, кӯчаи Каримов ,хонаи 20, миллаташ тоҷик мебошад. Бо ташвиқоти язнааш аъзои фаъоли ташкилоти террористии “Давлати исломӣ”, ҷустуҷӯшаванда Шарифов Баҳромҷон Меҳрабонович (с/т 10.09.1982, ки нисбаташ бо аломати ҷинояти моддаи 401 иловаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст) ба ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломӣ” шомил гардид».

Моҳи январи соли 2018 нисбати Ҳасанов Ф. аз ҷониби ситоди ягонаи ҷумҳуриявӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои З07 прим 3 қисми 2 («ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ») ва 401 прим 1 («ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо») оғоз шуда, мавсуф таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошт. Номбурда аз ҷониби кормандони РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуда, ба ҳабс гирифта шуд.

Айни замон аз ҷониби муфаттишони Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон нисбати Ҳасанов Ф. тафтишоти пешакӣ идома дорад.

 Қайд кардан бамаврид аст, ки модари Ҳасанов Ф. Маматова Меҳринисо Ҷумахоновна худ фарзандонашро барои таълими динӣ гирифтан дар хориҷи кишвар, аз ҷумла дар давлати Мисри Араб фарогир карда, худ низ тӯли 10 моҳ бо фарзандонаш дар он ҷо қарор дошта, ба ақидаҳои бегона рӯй овардааст.

Инчунин, бародари Ҳасанов  Ҷумахонов Абдухолиқ айни ҳол дар давлати Туркия қарор дошта, бо ҷурми аъзогӣ ба ташкилоти террористии “Давлати исломӣ” таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дорад.

Маматова Меҳринисо Ҷумахоновна модари Ҳасанов Ф дидаю дониста духтари худаш Холбобоева Ҷумагул Менгилиқуловнаро (аз шавҳараи якумаш) ба ҷинояткори дар ҷустуҷӯ қарордошта Шарипов Баҳромҷон ҳамчун зани дуюм ба шавҳар додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь