Дар Минск як иқдоми густурдаи эътирозии дигар – “Раҳмпаймоии қаҳрамонон” ҷараён дорад.

Дар тӯл рӯзи гузашта мардум аз манотиқи мухталиф ба самти маркази шаҳр ҳаракат мекарданд. Пас аз он, онҳо ба самти шаҳраки замонавии «Дрозда», ҷое, ки мақомоти олирутбаи Беларус дар он зиндагӣ мекунанд, ҳаракат карданд. Дар роҳи расидан ба “Дрозда”, тазоҳуркунандагон бо нерӯҳои мақомоти амниятӣ рӯбарӯ гардиданд ва боздоштҳо оғоз шуданд.

Дар наздиики ҳамин шаҳраки Минск, воҳидҳои сохторҳои қудратии Беларус ба таври густурда мӯътаризинеро, ки ба интихоби Александр Лукашенко ба унвони перзидент зид ҳастанд, боздошт карданд.

ТАСС хотирнишон мекунад, ки бо наздик шудани ҷамъияти мӯътаризин ба он ҷо вазъияти муташанниҷӣ эҷод шуд. Барои пароканда кардани мӯътаризин  мақомот дарҳол гурӯҳҳои тақвиятшудаи полиси зидди шӯриш ва неруҳои дохилиро мустақар карданд. Гуфта мешавад, ки дар пайи боздошти эътирозгарон аз аслиҳа низ кор гирифта шудааст ва дар ин минтақа садои шиллик ба гӯш расидааст.

Чанд соат баъд, Вазорати корҳои дохилии Беларус таъйид кард, ки маъмурони иҷрои қонун аз силоҳ дар Минск истифода кардаанд. Онҳо, ҳангоме ки мӯътаризин талош карданд боздоштшудагонро аз дастаи мақомот рабоянд, аз аслиҳаи «помповӣ» оташ кушодаанд. Канали телеграм ба нақл аз мақомоти қудратӣ хабар дод, ки то кунун беш аз 400 нафар боздошт шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь