Дар алоқамандӣ ба занозании рӯзи 20-уми апрел дар Дубай 15 шаҳрванди Ӯзбекистонро боздошт карданд.
Аҳрор Бурҳонов, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, гуфтааст, ки ҷониби Иморати Муттаҳидаи Араб ҳодисаро тафтиш менамояд.
“Ҳамчунин, ин нафар таъкид кардааст, ки мавридҳои қонуншиканӣ бо ҳузури шаҳрвандони Узбекистон метавонад ба низоми бидуни раводид миёни ду кишвар таъсир расонад”, – илова кардааст Бурҳонов.
Баъди нашри ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ овозаҳое паҳн шудааст, ки Иморати Муттаҳидаи Араб ворид шудани шаҳрвандони Ӯзбекистонро ба Дубай манъ кардааст.
Аммо, сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон ин маълумотро беасос хонда гуфтааст, низоми бе виза байни Тошканду Дубай ҳанӯз боқист.
“Манбаъҳои расмӣ дар бораи ҷорӣ шудани визв маълумоте надодаанд”, – гуфтааст ин мансабдори ӯзбек.
Моҳи марти соли 2025 се шаҳрванди Ӯзбекистонро бо гуноҳи куштани рӯҳонии исроилӣ Тсви Коган дар Иморати Муттаҳидаи Араб ба қатл маҳкум карда буданд. “Фараж”