Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷусуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи шахри Душанбе як гуруҳи киберҷинояткори махсусан вазнин дар ҳудуди пойтахт муайяну ошкор карда шудааст. Дар ин бора dushanbepolise.tj хабар додааст.

Нахуст як нафар мутахасиси технологияи иттилоотӣ, ба истилоҳ «ҳакер» дастгир карда шудааст, ки номбурда бо кирдорҳои ҷинояткоронаи худ бо истифода аз таҷҳизоти махсуси компютерӣ ва барномарезӣ нишондодҳои ҳисобкунакҳои барқии шаҳрвандонро кам карда, бо ин роҳ ба талафоти нерӯи барқ нигоҳ накарда, ба буҷаи давлат зарари зиёди молӣ расонидааст.

Ин нафар шаҳрванд Азизов Маҳмадӣ Болтаевич, соли таваллудаш 12 сентябри 1964, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Испечак-1, оиладор соҳиби 4 фарзанд, ҷойи кораш кафшергари силкии Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Зимни пешбурди корҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки номбурда дар давоми соли 2017 бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, бо истифода аз таҷҳизот ва барномаҳои махсуси компютерӣ роҳи кам кардани нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои электронии барқиро пайдо карда, бо ин мақсад барои худ дар манзили истиқоматиаш компютер ва дигар таҷҳизоти лозимаро ҷойгир ва барои ба хотираи маҳзанҳои ҳисобкунакҳои электронии барқӣ ворид кардани тағйирот, шароити мусоид фароҳам овардааст.

Дар давоми моҳи декабри соли 2017 барои амалӣ кардани ин нақшаи ҷинояткоронаи тарҳрезинамудааш ҳамкори худ шаҳрванд Собиров Тоҷиддин Достиевич, соли таваллудаш 20. 02.1978, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Алмосӣ, деҳаи Ободдара, оиладор, соҳиби 2 фарзанд, ҷойи кораш кафшергари Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷалб намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт байни худ амалҳоро тақсим кардаанд.

Собиров Тоҷиддин аз рӯи нақшаи тарҳрезикардаашон, ҳамчун миёнарав барои ҷалб кардани нозирони Шабакаҳои барқии ноҳияҳои шаҳри Душанбе бо нозирони шабакаҳои барқ шинос шуда, ба онҳо иҷрои чунин амали ғайриқонуниро пешниҳод кардааст.

Минбаъд бо миёнаравии ӯ нозирони барқ аз манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ҳисобкунакҳои барқиро худсарон,а бе тартиб додани санадҳои лозима, кушода, пас аз бо маслиҳати пешакӣ бо муштариён бо пешниҳоди маблағи муайяни пулӣ ҳисоби онро кам мекардаанд.

Дар идомаи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ зиёда аз 20 нафар нозири Шабакаҳои барқии ноҳияҳои Душанбе (шаҳрвандон Раҷабалиев Беҳрӯз Раҷабалиевич, Ҳомидов Суҳроб Хайриддинович, Холов Шафеъ Сафарович, Собитов Зоҳирхон Зуҳурович, Халифаев Нусратулло Зокирович, Фазлиддини Аскаршо, Эмомов Нозим Ҳасанович, Зокиров Замир Исматуллоевич, Маҳмадалии Абдували, Мирзоев Давлатали Баёнович, Бердиев Хуршед Салимҷонович, Хочаев Анвар Бегичонович, Исматов Саидшоҳ Сайнуридинович, Рузиев Амиршо Ҷангиевич, Ҳаитов Мирзали Раҳмонович, Хайруллоев Акмал Сайдуллоевич, Рузиев Зафар Умарҷонович, Ғаниев Бобокалон Бобосаидович ва дигарон) муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шудаанд, ки бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулкони дӯкону мағоза ва манзилҳои истиқоматӣ ҳисобкунакҳои барқии онҳоро кушода гирифта, бо миёнаравии шаҳрванд Тоҷиддин Собиров, мутахассиси ин соҳа Азизов Маҳмадӣ барои кам пардохт кардани ҳаққи истифодаи қувваи барқ нишондодҳо, яъне киловати ҳисобкунакҳои барқиро кам мекардааст.

Нозирони барқ бо муштариён, яъне истифодабарандагони нерӯи барқ, маслиҳати пешакӣ карда, баъд аз кам намудани нишондоди нерӯи барқи истифодашуда, ҳисобкунакҳои барқиро дубора дар ҷойи худ насб мекардаанд, ки бо ин кирдори ғайриқонуниашон ба буҷаи давлат хисороти зиёди пулӣ расонидаанд.

Чунончӣ, зимни пешбурди корҳои оперативӣ санҷишӣ муайян карда шудааст, нозири барқи зеристгоҳи “Шаҳрӣ”-и Шабакаҳои барқии 2-юми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Муҳаммадалии Абдувалӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматиаш бо миёнаравии Собиров Тоҷиддин як қатор ҳисобкунакҳои барқии шаҳрвандонро худсарона гирифта, нишондиҳандаҳояшонро кам кардааст.

Аз ҷумла, номбурда дар давоми моҳи июни соли 2020 ҳисобкунаки барқии маркази савдои “Абдулло” воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Зарафшонро аз назар гузаронида, муайян кардааст, ки маркази савдои мазкур қувваи барқро тахминан ба маблағи 4500 сомонӣ истифода бурдааст. Пас аз он, ӯ бо намояндаи маркази савдои мазкур шаҳрванд Саидов Парвиз Аъзамхонович дар бораи ба маблағи пулии нисбатан камтар баробар кардани ҳаққи истифодаи нерӯи барқ маслиҳат ва ваъда додааст, ки бар ивази 3500 сомонӣ ҳисобкунаки барқиро баробар мекунад.

Пас аз маслиҳат нозири барқ Муҳаммадалии Абдувалӣ аз Саидов Парвиз намояндаи маркази савдои мазкур маблағи 3500 сомонӣ гирифта, аз он 300 сомониашро ба миёнарав Собиров Тоҷиддин додааст. Собиров Тоҷиддин бошад аз рӯи маслиҳати пешакӣ ҳисобкунаки барқии ин маркази савдоро кушода гирифта, ба Азизов Маҳмади Болтаевич додааст, ки ӯ дар навбати худ бо истифода аз технологияи компютерӣ ҳисоби онро кам кардааст. Номбурдагон маблағи 300 сомониро байни худ тақсим кардаанд.

Пас аз кам намудани нишондодҳои истифодаи нерӯи барқ ҳисобкунакро нозири барқ шаҳрванд Муҳаммадалии Абдувалӣ барои руйпуш намудани амали ҷиноятии содир намудааш дубора дар ҷойи худ, яъне маркази савдои “Абдулло” бурда васл кардааст. Ҳамин тариқ номбурдагон моҳи июли соли ҷорӣ низ айнан ба мисли ҳолати зикргардида амал карда, маблағи қувваи барқи истифодашударо ба манфиати худ истифода бурда, ба Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе тахминан ба маблағи 9000 (нуҳ ҳазор) сомонӣ зарар расонидаанд.

Чуноне маълум гардид, ҳамаи онҳо аз соҳибмулки мағоза то нозири барқу миёнарав ва мутахассис ба истилоҳ “Хакер” аз иҷрои ин амал манфиатдор буда, чун занҷира бо ҳам алоқаманд ба хотири ба даст овардани маблағи пулӣ ба манфиати худ, манфиатҳои Давлату миллатро поймол карда, ба як шакли моҳиронаву мукаммал ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ даст задаанд.

Инчунин дар ҳолати дигар нозири барқи Шабакаҳои барқии ноҳияи мазкур шаҳрванд Мирзоев Давлаталӣ Баёнович низ ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба душаш гузошташуда ба як қатор қонуншиканиҳо роҳ додааст.

Чунончӣ, номбурда тахминан дар давоми моҳи майи соли ҷорӣ бо шаҳрванд Исломов Хуршед Пулодович, соҳибмулки нонвойхона воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Шараф, хонаи 203 оид ба кам пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ маслиҳати пешакӣ намудаанд. Бо ин мақсад номбурда як ноқили барқи нонвойхонаро беран аз ҳисобкунаки барқӣ пайванд кардааст, ки дар натиҷа нишондиҳандаҳои ҳисобкунаки барқ тағйир наёфта, истифодаи пурраи нерӯи барқро аз ҳисоб пинҳон кардаанд.

Ҳамин тавр ин нонвойхона бе ҳисобгирии расмӣ аз қувваи барқ истифода карда, соҳибмулки он Исломов Хуршед ба нозири барқ-Мирзоев Давлаталӣ дар моҳҳои май ва июн, ҳар моҳ маблағи 500 (панҷсад) сомонӣ ва дар моҳҳои июл ва август бошад ҳар моҳ маблағи 600 сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 2200 сомонӣ пардохт намудааст, ки бар ивазаш нозири барқ ба ӯ расид (квитансия) надода, маблағҳоро ба манфиати шахсии худ сарф намудааст.

Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки дар асл дар нонвойхонаи мазкур барои пухтани нон аз спиралҳои таспони ғайристандартӣ истифода мебурдаанд, ки истифодаи он талафоти барзиёди нерӯи барқро ба миён меорад. Аз ин рӯ тибқи ҳисобҳои мутахассисон ба ҳисоби миёна маблағи ҳар моҳаи истифодаи нерӯи барқ дар нонвойхонаи мазкур зиёда аз 2-ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки бо содир намудани ин амали ғайриқонунӣ соҳибмулк ва нозири барқ дар якҷоягӣ ба Шабакаҳои барқии шаҳри душанбе, ба ҳисоби миёна зиёда аз 8-ҳазор сомонӣ зарар расонидаанд.

Тибқи иттилои тафтишоти пешакӣ ин гурӯҳи нозирони шабакаҳои барқӣ дар давоми чанд соли охир (аз моҳи декабри соли 2017 то моҳи августи соли 2020) зиёда аз 130 ҳисобкунакҳои гуногуни барқиро аз дукону мағоза ва биноҳои истиқоматии шаҳрвандон бар ивази маблағи муайяни пулӣ гирифта, ба воситаи миёнаравии Собиров Тоҷиддин ҳамаи он ҳисобкунакҳоро ба Азизов Маҳмадӣ додаанд, ки охирин бо истифода аз барномаҳои компютерӣ, нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқиро кам кардааст.

Дар ҷараёни амалиёти махсуси оперативӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт аз нозирони барқ 8 адад ҳисобкунакҳои барқи (счётчик) тамғаҳои гуногун ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудаанд, ки мувофиқи хулосаи ташхиси техникаи компютерӣ ҳамаи он ҳисобкунакҳо дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта, ҳамчун маҳзани система ва шабакаи компютерӣ, барои нигоҳ доштани маълумотҳо оиди истифодаи Азизов Маҳмади Болтаевич ва ҳаммаслаки ӯ Собиров Тоҷиддин Достиевич дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, барои муайян кардани зарари ба буҷаи давлат расонидашуда ва нафарони дигари дар содир намудани ин ҷиноят дастдошта, чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-тафтишотӣ ҷараён дорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь