20-уми июл cарвазири Италия Марио Драгӣ расман аз мақомаш истеъфо дод. Истеъфои ӯро раисиҷумҳури кишвар пазируфт ва эълон кард, ки Драгӣ муваққатан ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сарвазир дар сари ҳукумат боқӣ мемонад. Дар 1 моҳи охир ин дувумин ҳодисаи истеъфои сарвазир дар кишварҳои Аврупост.  2 ҳафта қабл Борис Ҷонсон низ  эълон кард, ки аз мақоми нахуствазири Бритониё истеъфо медиҳад.

Карйераи шояд дурахшонтарин нахуствазири Бритониё аз замони Маргарет Тэтчер чӣ гуна ва чаро поён ёфт?

Ҳамааш аз соли 2020 бо як қатор шабнишиниҳо барои кормандони дафтари сарвазир оғоз ёфт. Ин шабнишинӣ дар замони пандемияи COVID-19 ва маҳдудиятҳо, ки ин гуна чорабиниҳоро қатъиян манъ мекарданд, сурат гирифт. 83 иштироккунанда, аз ҷумла вакилони парлумон, барои вайрон кардани инзиво ҷарима шуданд.

Натиҷаи ин ҷанҷолҳо ба таври оммавӣ истеъфо додани аъзои кобинаи Ҷонсон аз вазифаҳояшон буд. Дар давоми як рӯзи 6 июл ҳудуди 50 вазир, вазирони хурд (вазифаи шабеҳи он дар кишварҳои дигар котиби давлатӣ номида мешавад ) ва дигар мансабдорони баландпоя истеъфо доданд. Пагоҳии 7 июл дар болои мизи сарвазир гузоштани дархостҳои истеъфо бо даъватҳои истеъфои худи ӯ давом дошт. Ҷонсон то охир муқовимат кард, аммо баъд аз он ки ҳатто вазири молия Надҳим Заҳавӣ истеъфо дод, сарвазир таслим шуд.

Сарвазири Италия Марио Драгӣ дар шароити бадтарин бӯҳрони даҳсолаҳои ахир истеъфо дод. Журналист Бернд Ригерт мегӯяд, Италия ва воқеан тамоми ИА ба рӯзҳои сахт рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.

“Далели рафтани Драгӣ, ки бараъло хаста шудааст, ҳам барои Италия ва ҳам барои тамоми Иттиҳоди Аврупо бад аст. Дар давраи таназзули дарпешистода, бӯҳрони энергетикӣ, муқовимати даҳшатбор бо Русия, ки бо ҷанги он бар зидди Украина алоқаманд аст, Италияи қавӣ хеле зарур аст. Кишваре, ки чанд моҳ боз бо мушкилоти кӯчаки сиёсии дохилии худ бо системаи комилан тақсимшудаи ҳизбӣ сару кор хоҳад дод, ИА-ро заиф мекунад.” – менависад Бернд Ригерт.

Муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев дар канали Telegram-и худ коллаже нашр кард: дар як акс Драгӣ, дар дигараш Борис Ҷонсон акс ёфтааст. Сурати сеюм ҳанӯз кушода нашудааст – дар он аломати савол мавҷуд аст.

Зоҳиран, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия ба ин тартиб нишон доданист, ки силсилаи истеъфои раҳбарони кишварҳои ғарбӣ бояд идома ёбад.

Исматулло Абдуллоев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь