Бо вуҷуди пешгӯиҳои гармои шадид дар ҳудуди ҷумҳурӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳо давоми як ҳафтаи охир борони кӯтоҳмуддат ва ҳавои абрӣ мушоҳида гардид.
Ин ҳолат дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ашт ба қайд гирифта шуд. Имрӯз 15-июн дар баъзе минтақаҳои ноҳияи Ашт низ борон борида, ҳамзамон шамол ба амал омад. Вазъи ҳаво низ мӯътадил арзёбӣ мешавад.
Дар қаламрави кишвар давоми як ҳафтаи охир ҳаво гарм гардида, ҳавошиносон то 45 дараҷа гармиро пешгӯӣ карда буданд. Аммо дар ноҳияҳои кӯҳӣ гармии ҳаво ҳамоно мӯътадил мебошад.
Саодат Исмоилӣ
Блоки рекламавӣ