503 нафар соҳибкоре, ки дар сӯхтори бозори “Фаровон”-и Бохтар зарар дида буданд, муштариёни  филиалҳои бонкҳои минтақаи Бохтар ҳастанд. Ин соҳибкорон  аз ташкилотҳои қарзӣ 15 миллиону 300 ҳазор сомонӣ қарздор буданд, гуфт зимни нишасти хабарӣ Фирдавс Самадов, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки соҳибкорони қарздор ба бонкҳо муроҷиат карданд ва дар асоси дархости онҳо  аз се моҳ то як сол ба онҳо имтиёз дода шудааст.

Дар ҳамин ҳол Соҳиб Раҷабов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон, иттилоъ дод, ки баъди сӯхтори бозори Фаровон 34 ҷамъияту намояндагӣ, 2 ҳазору 515 андозсупорандаи бо патент фаъолияткунанда ва 313 андозсупорандаи дорои шаҳодатнома фаъолияти худро қатъ карданд.

Ба гуфти ӯ андоз аз  ин ҷамъияту соҳибкорон  дар як моҳ зиёда  аз 1 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, сӯхтор дар бозори “Фаровон”-и Бохтар 1 июни соли ҷорӣ ба амал омада, омили сар задани сӯхторро мутахассисон дар пайвасти ноқилҳои барқӣ ва кабелҳо дар  ҶДММ “Ганҷина-3” арзёбӣ карда, зарари онро бештар аз  3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ гуфтанд.

Дар ин сӯхтор соҳибкор  Маҳмад Сафаров, ки 95 дарсади баданаш  сӯхта буд, баъди як рӯзи ҳодиса дар беморхонаи вилояти  Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар аз дунё даргузашт.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here