Муяссара Сатторова, мизоҷи ҶСК «Бонки Эсхата», бонуи соҳибкори муваффақ аст. Муяссара тавонист, ки тиҷорати шахсии худро ба роҳ монад – дар Хуҷанд сехи қаннодии «Маҳина»-ро кушод. Имрӯзҳо ба маҳсулоти он талабот зиёд аст, мизоҷон таъми махсус ва сифати маҳсулоти қаннодиро қайд мекунанд.
«Зиёда аз 10 сол боз дар ин соҳа кор мекунам. Бо мурури замон хоҳишмандони харидории маҳсулоти манн зиёд шуданд, фурсати васеъ намудани тиҷоратам фаро расид ва ман аз Бонки Эсхата дар намуди қарзи имтиёзнок кумаки молиявӣ ва машварату омӯзиши ройгон гирифтам, ки ба шарофати он фаъолияти худро васеъ ва муваффақ намудам. 3 сол мешавад, ки маҳсулоти сехи қаннодии ман дар байни мизоҷонам серталабаст ”-қайд кард Муяссара Сатторова дар баромади худ дар назди занони соҳибкор.
Санаи 20 декабр дар маҷлисгоҳи ҶСК «Бонки Эсхата» вохурӣ бо занони соҳибкор баргузор гардид. Нишасти мазкур дар доираи барномаи “Занҳо дар тиҷорат” ташкил ва баргузор шуд. Шарики барнома Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) мебошад.
Барнома ба занони соҳибкор тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба дастгирии молиявӣ ва технологӣ, ки барои пешрафти тиҷорат заруранд, мусоидат мекунад.
Дар ин вохӯрӣ, ки дар шакли семинар баргузор шуд, беш аз 30 нафар занони соҳибкор ва дигар меҳмонони даъватшудаи вилояти Суғд ширкат доштанд.
Заррина Ганиева, аъзои Раёсати Бонки Эсхата бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, барои қабули даъват изҳори сипос баён кард. Ӯ ҳадафи баргузории чорабиниро шарҳ дод.
Дар вохӯрӣ меҳмонони даъват шуда, дар назди ҳозирин суханронӣ намуданд. Инҳо Шӯҳрат Хоҷаев, раиси ҶДММ «Аудит Консалтинг» ва инчунин ҳуқуқшиноси бонк Камолҷон Ғафуров мебошанд, ки машварати ҳуқуқӣ доданд. Намояндагони БАТР Малика Абдулвасиева ва Нигора Давлятова суханронӣ карданд. Онҳо дар бораи барномаи “Занҳо дар тиҷорат” баромади муфассал карда, бартарӣ ва имкониятҳои ин барномаро ба ҳозирин муаррифӣ карданд.
Яке аз лаҳзаҳои ҷолиб баромади соҳибкорзани муваффақи соҳаи маориф Умеда Гадайбоева буд, ки маркази забономӯзии «Аркон»-ро таъсис додааст. Ӯ оиди таърихи таъсисебии фаъолияти соҳибкорӣ, оид ба мушкилиҳое, ки рӯ ба рӯ шудааст ва чӣ гуна мушкилоту монеаҳоро паси сар карда тавонист яке аз марказҳои маъруф ва муваффақи омӯзиши забонҳои хориҷиро таъсис диҳад, нақл кард.
Пас аз танаффуси кӯтоҳ сухан ба Муборахон Аҳророва, менеҷери минтақавии Бонки Эсхата оид ба соҳибкории хурду миёна дар вилояти Суғд дода шуд. Вай дар бораи бартариҳои маҳсулоти қарзии «Имкон», ки махсус барои занон пешбинӣ шудааст, сухан гуфт. Дар навбати худ, Азамхон Раҳимов, интернет-маркетологи Бонки Эсхата, таҷрибаи пешбурди тиҷоратро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз чӣ оғоз кардани маркетинг дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чӣ гуна ба даст овардани аудитория, роҳҳои васеъ гардонии доираи фарогирӣ ва таргетинг баромад кард.
Дар охир аз ҷониби ташкилкунандагони вохурӣ лотерея гузаронида шуда, ғолибон аз ҷониби Бонки Эсхата туҳфаҳои хотиравӣ ва сипоснома барои иштироки фаъолона гирифтанд.
Равиши ҷараёни вохурӣ ба уҳдаимуовини сардори Идораи амалиётии ҶСК «Бонки Эсхата» Маъсуда Зиёбоева вогузор гардид.
Нақши занҳо дар зиндагӣ ва тиҷорат торафт меафзояд ва инкишоф меёбад. Муносибати масъулиятнок ба тиҷорат барои ноил шудан ба муваффақият, рушди доимии худ, густариши дониш ва малакаи корӣ ба занони соҳибкор барои муваффақ шудан кӯмак мекунад. Танҳо занҳои фаъол, пурғайрат ва соҳибмаълумот ба худ боварй пайдо карда, дар фаъолияти худ далерона пеш рафта метавонанд. Барномаи “Занҳо дар тиҷорат” аз зумраи барномаҳое мебошад, ки ба пешрафти тиҷорати занони соҳибкори тоҷик мусоидат мекунад.
Барномаи “Занҳо дар тиҷорат” бори нахуст моҳи сентябри соли 2017 дар Тоҷикистон аз ҷониби БАТР роҳандозӣ шуд ва Бонки Эсхата аввалин шарики ҳамин барнома гардид, ки ба маблағи 1 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ карда шуд. Пас аз татбиқи бомуваффақият, Бонк бо дастгирии БАТР ба узвияти барномаи «Занҳо дар тиҷорат» дар Осиёи Марказӣ шомил шуда, ба маблағи 2 миллион доллар созишнома ба имзо расонид, ки дар доираи он аллакай ба пешниҳоди маблағи қарз барои дастгирии соҳибкории занон шурӯъ кардааст.
Бонк то ба имрӯз маҳсулоти қарзии «Имкон»-ро, ки махсус дар доираи барномаи «Занҳо дар тиҷорат» таҳия шудааст, бомуваффақият амалӣ намуда. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳод шуда барои дастгирии соҳибкории занон беш аз 100 млн.сомониро ташкил медиҳад. Дар ин самт Бонк зиёда аз 1800 нафар бонувонро дастгирӣ намуд.